Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 07:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

НУРВОРИЗМ ВА ТАНВОРИЗМ. Оид ба намоиши асарҳои рассоми тоҷик Зокир Собиров, ки бо равияҳои нави наққошии миллию ҷаҳонӣ офарида шудаанд

 

Бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шоми дирӯз дар чойхонаи «Машрабия»- и меҳмонхонаи «Серена Душанбе» намоишгоҳи рассомии наққоши шинохтаи тоҷик, академик Зокир Собиров оғоз гардид.

Зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» асосгузори ду равияи фарҳангӣ-меъмории «Нурворизм» ва «Танворизм» Зокир Собиров гуфт, ки ҳадафи намоиш ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Тоҷикистон  аз рӯи   ин ду равияи рассомӣ мебошад. Равияҳои мазкур  дар фарҳанги наққошии миллию ҷаҳонӣ  падидаи нав маҳсуб меёбанд.

Бояд гуфт, ки наққошиҳои З. Собиров тасвири зебоиҳои ҳаёт, образҳои воқеию  бадеӣ, чеҳраҳои саршиноси миллию байналмилалӣ ва фарогири мавзӯъҳои ҳассоси таъриху фарҳанг ва тасвири лавҳаҳои тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд, ки дар қолаби танзими нур ва шаклдиҳии матоъ тасвир ёфтаанд.

Директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирҷон Салимӣ  гуфт, ки корҳое, ки З. Собиров дар ин самт анҷом додааст, ҳунараш дар ақсои ҷаҳон сайр мекунад ва ҳар куҷое, ки рафтааст, барои худ бинандаи нав пайдо кардааст. «Нигораҳое, З. Собиров офаридааст, ин аст, ки устод назми тамоми ҷаҳонро  дар таносуби дигар дидааст, яъне ин таносуби тоза пайдо кардан дар диди ҷаҳонист. Шояд дар баъзе ҳолатҳо мушкилоте барои пазируфтани ин нигораҳо бошад, лекин аз ҳама муҳим он аст, ки дар ҷаҳон таносуб ва пайвандҳои комилан ҷадидро кашф кардаанд. Дар ҷоҳоне, ки ҷаҳони ҳунар аст, як диди комилан тоза ва наве ҳаст, ки ҳам ранг, ҳам бӯй, ҳам дид, ҳам  ақлу фаросат, таърихи тамаддуни ҷаҳон, таъирихи тамаддуни гузаштаи миллати тоҷик аз Монӣ то Беҳзод ва аз Беҳзод то имрӯз   ва он чизе,  ки дар Ғарб  мо имрӯз ҳам дар ҳунари рассомӣ ва офариниш мебинем, ҳамаи инро  устод З. Собиров  дар таҳти шуурашон ҷой додаанд. Яъне ин равияҳо як  ҷараёни тозае на танҳо дар ҳунари миллии тоҷик, балки дар ҷаҳон маҳсуб меёбанд, ки ифтихори миллати тоҷик мебошанд»,- иброз дошт  академик Н. Салимӣ.

Ба андешаи муҳаққиқ ва рӯзноманигор Муҳаммадиқбол Атоев, равияҳои ихтироънамудаи наққоши шинохтаи тоҷик Зокир Собиров дар таъирихи  рассомии ҷаҳон равияҳои нав маҳсуб шуда, танзимгари воқеии нур ва шаклдиҳандаи асосии матоъ мебошанд. Натиҷаи аслии он эҳёи чеҳраҳо  ва образҳои воқеию тахайюлии муаллифро бозгӯ менамояд. Зеро ба шинохти муаллиф, ҷаҳон аз нур иборат буда, ҳар ҷисми мавҷуд аз танзими нур шакл мегирад. «Агар мантиқан ба масъала таваҷчуҳ шавад, ин ду равия дар санъати рассомии тоҷик дастоварди бузург маҳсуб шуда,  махсусан дар замони истиқлолияти давлатӣ  чун падидаи мондагори санъати тасвирии тоҷикон арзиш доранд. Чунки бори аввал дар таърихи рассомии Тоҷикистон ва ҷаҳон ин ду равия ҳамчун сабки нави рассомӣ шинохта мешаванд»,- илова намуд М. Атоев.

 

Рӯзноманигор Муҳаммаднабӣ Баёнӣ мегӯяд, ки офаридаҳои устод сазовори баҳои баланди мутахассисони байналмилалӣ гардида, дар чандин намоишгоҳҳои  байналмилалию ҷаҳонӣ рӯнамоӣ ва  сазовори ҷоизаву шоҳҷоизаҳо гардидаанд. Аз ҷумла, шоҳҷоизаи «Уқоби тиллоӣ» дар Иёлоти Муттаҳидаи Америка ва «Беҳтарин рассом» дар Украина  аз зумраи муваффақиятҳои рассом мебошанд. «Маҳз заҳматҳои эҷодии ӯ мебошанд, ки то имрӯз бо чандин нишону унвонҳо дар кишварҳои ҷаҳон қадршиносӣ шудааст. Унвони академики фахрии Академияи рассомии Россия ва нишони «Барои санъати Украина»  аз зумраи онҳо мебошанд»,- гуфт М. Баёнӣ ва илова намуд, ки «вақте ки шумо ба ин аксҳо нигоҳ мекунед, мебинед, ки онҳо фалсафаи бузургеро дар пай доранд. Аксҳое ҳастанд, ки инсонро ба андеша водор месозанд. Сабки эҷоднамудаи  З.  Собиров як фалсафаи беҳамтоеро дар худ дарҷ намудааст, ки ин равияро дар ҷаҳон пазируфтаанд ва доштани чунин ҳунарманд мояи ифтихори мо, тоҷикон аст».

Наққоши тоҷик Зокир  Собиров ҳадаф аз эҷоди ду равияи нав- «Нурворизм» ва «Танворизм»- ро хизмат ба фарҳанги рассомии миллӣ  ва навгонӣ дар равияҳои наққошии ҷаҳон медонад, ки аз соли 2006 муаррифӣ гардида, дар озмунҳои байналмилалӣ чун равияҳои нави эҷодӣ  иштирок менамоянд ва дар Тоҷикистон, Россия ва Украина пайравони эҷодии худро пайдо намудаанд.

НУРВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (нур-вор-изм, гароиш ба чизе шабеҳи нур, дорои нур, такрори нур ва он чи аз нур таркиб меёбад) гирифта шуда, нигоҳи хос ба воқеият мебошад.

Нурворизм —  равияи танзимкунандаи физикии нур мебошад, ки ба фазо омезиш хӯрда, нахуст дар мафкура тавлид мегардад ва пасон дар дохили образ ва дар шакли асар мезияд. Он метавонад бо ҳар сабки мавҷудаи  ҳунар мувофиқат кунад. Нурворизм дар  мусаввараҳои монументалӣ, ороиши театрӣ ва либос ба кор бурда шуда, тадбиқи худро дар санъати меъморӣ интизор аст.

ТАНВОРИЗМ аз калимаҳои тоҷикию лотинӣ (тан-вор-изм,  гароиш ба он чӣ дар шакли номуайянӣ қарор дорад, монанди матоъ ё ҷомавор) гирифта шуда, моҳияти табиат, анвои андеша, идея ба шаклу намои мухталиф дорад, ки мо ҳамарӯза онро дар шакли либос, парда, рӯйҷо мебинем.

Танворизм ҳастии дунёро ҳатто дар он ҷузъҳое, ки ба чашми инсон нонамоёнанд, боз мекунад. Инъикоси дунёи ботинии инсон ва ашёро, ки дар матоъ нуҳуфтааст, бо андак танзим ҳувайдо ва муаррифӣ мекунад.

Сокинони мамлакат имкон доранд ҷиҳати тамошо ва харидории офаридаҳои наққоши шинохтаи тоҷик, академик Зокир Собиров, ки  бахшида ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар меҳмонхонаи «Серена Душанбе»  ба намоиш гузошта шудаанд,  то 15 август аз он боздид намоянд.

Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»