Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Гузориши фишурда аз “Корвони китоб-2019”

Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар доираи Ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2019” китобхонаҳои навоҳии водии Рашт тақрибан ба маблағи беш аз 161952,48 сомонӣ бо китобу ҷузва ва дастуру феҳрастҳои библиографӣ таъмин гардиданд.

Ҳаракати фарҳангии “Корвони китоб-2019” бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мукаммалгарадонии захираи китобхонаҳо, беҳтару хубтар намудани шароитии дастрасии аҳолӣ ба китоб тавассути Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб” дар доираи Барномаи давлатии “Рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ба ифтихори 22-юмин солгарди Рӯзи маҳдати миллӣ дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...” ба ноҳияҳои минтақаи Рашт (Нуробод, Сангвор, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш) роҳандозӣ мегардад.

Имсол дар доираи барномаи давлатии мавриди назар 80 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Бо ин маблағ 97 номгӯй китоб бо теъдоди 1771 нусха китоб харидорӣ гардид.

Инчунин аз тарафи муассисаҳои тобеи Вазорати фарҳанги кишвар, минҷумла Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот 2235 нусха китоб, ҷузва, дастурҳои библиографӣ ва методӣ ба маблағи 53878,48 сомонӣ ва аз тарафи Хонаи китоби Тоҷикистон 1000 нусха Феҳрасти библиографии “Солномаи матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба маблағи 25090 сомонӣ ҷиҳати тақсими ройгон дар миёни китобхонаҳои навоҳии водии Рашт ҷудо гардид.

Афроди саховатпеша ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ин тадбири фарҳангӣ иқдом намуданд. Аз ин роҳ 816 нусха китобу ҷузва ба маблағи 7790 сомонӣ ба кӯлвори “Корвони китоб-2019” зам гардид.

С.Икромӣ, 
Директори КДТС “Китоб”