Сомонаи пешина | Пш, 17 Октябр 2019 | 16:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Нақши васоити ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»

24 июни соли 2019 дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ ба ифтихори 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 85-солагии рӯзномаи «Насими айём» конфронси илмӣ-назариявӣ зери унвони «Нақши васоити ахбори омма дар таҳкими Ваҳдати миллӣ» баргузор мегардад.

Конфронс аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ ва Муассисаи давлатии рӯзномаи «Насими айём» гузаронида мешавад.