Сомонаи пешина | Шб, 20 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Омодагиҳо ба Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» дар минтақаи Кӯлоб

20 июни соли 2019 дар Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб барои санҷиши омодагии аъзоёни маҳфилҳои Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб дар асоси нақша - барномаи даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ....” озмун гузарониданд.

Дар чорабинӣ хонандагон аз рӯи номинатсияҳои дар Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ....” пешниҳод гардида маҳорати худро нишон доданд. Маълум гардид, ки хонандагон бо тайёрии хуб омаданд. Аъзои ҳакамон ба онҳо барои баланд бардоштани завқи китобхонӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, қироати бурро ва бехатои ашъори шоирони классик ва муосир маслиҳатҳои судманд доданд.

Озмун аз ҷониби кормандони Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ташкил гардид.

Китобдорон ҳамаррӯза кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонии хонандагон адабиёти лозимаро пешкаши истифодабарандагон гардонанд.

Назаралӣ Саидов,
корманди Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи
Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб