Сомонаи пешина | Шб, 20 Июл 2019 | 17:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

55-соли фаъолияти «Гулшан»

22 июни соли 2019 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев барномаи консертӣ ба муносибати 55-солагии фаъолияти Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан» баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ сурудҳои муосир ва пешини Оркестри давлатии эстрадии «Гулшан» манзури ҳаводорони мусиқии эстрадӣ гардонида мешавад.