Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Конфронси адабӣ-бадеӣ дар истироҳатгоҳи тобистона

18 июни соли 2019 дар истироҳатгоҳи тобистонаи наздимактабии Литсей-интернати бачагони болаёқати ноҳияи А.Ҷомӣ конфронси адабӣ-бадеӣ таҳти унвони “Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан...” бо иштироки омӯзгорону хонандагон баргўзор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар ҳошияи озмуни ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ…» гузаронида шуд. 

Китобдорон ба хонандагон мазмуну муҳтаво ва шартҳои озмунро фаҳмонида, оид ба хониш ва қадру манзалати китоб маълумот доданд. Иштирокчиён омодагиҳои худро ба озмун нишон дода, аз ашъори шоирон шеъру ғазал ва њикояу достонҳо қироат ва ҳикоят намуданд. 

Маъмурияти китобхона ҷиҳати рӯҳбаландии мактаббачагон ба китобхонаи Литсей-интернати бачагони болаёқати ноҳияи А.Ҷомӣ 50 нусха китобҳои тозанашри бадеию бачагона ва инчунин ба 40-нафар хонандагони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷумлаи маводҳои хониш ва бозичаҳо тақдим намуд.

Т.Юсуфзода Хатлон.Ш.Шоҳин