Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

ЭЪЛОНИ ОЗМУН

 

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дар сатҳи баланди касбӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати тоҷик Озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба таҳия ва пешниҳоди рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостониро эълон менамояд.

Ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти беҳтарин намунаи осори рассомии ҷавобгӯ ба меъёрҳои касбии санъати тасвирӣ мебошад, ки таҷассумгари тамаддун ва таъриху фарҳанги миллӣ, тарғиби ватандорӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ба ин васила арҷгузорӣ ба дастовардҳои истиқлолияти давлатӣ мебошад. 

Барои эҷоди беҳтарин рамзи ҷашни 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ ба ғолиби озмун маблағи 10000 сомонӣмукофотпулӣ муайян гардидааст. Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ғолибон ва фаъолон бо ифтихорнома ва нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ мегарданд.

Шаҳрвандоне, ки хоҳиши дар Озмун иштирок кардан доранд, маводҳоро ба озмун дар асоси дархост бо замимаи лоиҳаи Рамз ва асоснокнамоии он бо суроғаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ:

734025 ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-34, тел:. (992) 2210200; 2216466; пешниҳод намоянд.