Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Озмун барои таҳияи китоб ва қоидаҳо оид ба гӯштини миллӣ

Ташкилоти ҷамъиятии «Федератсияи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади муаррифӣ ва исботи таърихан куҳан будани гӯштини миллӣ байни муаллифон озмун барои таҳияи матни китоби «Таърихи гӯштингирии миллӣ»-ро эълон менамояд.

Беҳтарин муаллифи китоб бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешавад. 

Инчунин бо мақсади босифат баргузор гардидани чорабиниҳо оид ба варзиши гӯштингирӣ озмуни таҳияи «Қоидаҳои гӯштини миллӣ», «Қоидаҳои доварӣ дар мусобиқаи гӯштини миллӣ» ва «Қоидаҳои баргузории мусобиқаҳои гӯштини миллӣ» низ эълон мегардад. 

Беҳтарин таҳиякунандагони қоидаҳо дар алоҳидагӣ бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида мешаванд. 
Мӯҳлати ниҳоии қабули маводҳо 1 ноябри соли 2019 аст.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ва пешниҳоди мавод ба рақамҳои 989 05 60 88, 917 23 11 77 ва 2 21 79 62 занг занед.