Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

“Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст...”

 

12 июни соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” дар доираи чорабиниҳои “Ҳафтаи шоирон, ва “Рӯнамоии китобҳо оид ба Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ...” чорабинии адабӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хонандагони муасиссаи таҳсилоти миёнаи умимуми №2-и шаҳри Кӯлоб аз рӯи китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ хулосаи библиографии адабиёт ва сӯҳбати пурмазмун гузарониданд. 

Дар рафти маҳфил мудири толори хониши китобхонаи мазкур Назаралӣ Саидов ба бисёр саволҳои ҷолиб ва шавқовари хонандагон ҷавобҳои асоснок ва муфассал дод. Китобдорон ба хонандагон тавсия доданд, ки барои бо мувафақият иштирок намудан дар Озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ...” ҳар як хонанда аз осори классикон ва шоирону нависандагони муосир на кам аз 100-ғазалро бояд қироат намояд. Инчунин аз эҷодиёти шоиру нависандагони классику муосир таронаву рӯбоиҳо ва порчаҳои насрӣ азёд бояд қироат намуда, маҳорати баланди сухандониву суханварии худро ба ҳайати ҳакамон нишон дода тавонанд. Аз ин ҷиҳат довталабонро зарур меояд, ки алоқаи худро бо Китобхона боз ҳам зичтар намуда пайваста адабиёти дар заммимаи низомномаи Озмун тавсияшударо мутолиа намоянд.

Оқилова Заррина,
корманди “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи
Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”.