Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе китоби Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» бо тарҷума ба забони тоҷикӣ рӯнамоӣ гардид

 

11 июни соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон маросими муаррифии китоби Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ», ки ба забони тоҷикӣ тарҷума ва нашр шудааст, баргузор гардид.

Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, Муовини сардори шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Ван Саохуэй Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Парвиз Давлатзода, намояндагони мақомоту идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ ва васоити ахбори омма иштирок карданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид номаи шодбошии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба иштирокдорони ҷамъомад расонид, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Бовар дорам, ки ин китоб ба доираи васеи хонандагони тоҷик барои аз наздик шинос шудан бо Чин ва усулҳои муосири идоракунии давлатӣ дар ин мамлакат имконият фароҳам меорад. Бо шарофати сиёсати дурандешонаи Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин мамлакат ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву техникӣ ноил гардид. Тоҷикистон аз ин дастовардҳои ҳамсояи наздики худ - Чин сидқан хушҳол аст».

Сипас муовини сардори шуъбаи таблиғоти Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Чин Ван Саохуэй, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бин, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Хитой Парвиз Давлатзода оид ба муносибатҳои рӯ ба рушди Тоҷикистону Чин аҳамияти нашри китоби мазкур дар Тоҷикистон изҳори андеша намуданд.

Муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода аз ҷумла изҳор дошт: «Муаррифии китоби «Си Ҷинпин дар бораи идоракунии давлатӣ» ба забони тоҷикӣ, ба андешаи ман, дар фазои фарҳангии Тоҷикистон, хоса дар арафаи ташрифи давлатии қарибулвуқӯи Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ба Тоҷикистон як падидаи муҳим маҳсуб меёбад.

Китоби мазкур мову шумо, хонандагони тоҷикро бо таърихи пурғановати гузаштаю имрӯза, орзуву омоли наҷиби хитойиён, муҳимтарин самтҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, дурнамои ин мамлакат ва миллати соҳибтамаддун, ки дар арсаи олам аз зумраи пешсафтаринҳост, ошно месозад. Китоб, ки фарогири даҳҳо суханронӣ, мақола, мусоҳиба ва гузоришҳост, ифодагари андешаву ниятҳо, саҳифаҳои пурпечутобу пуртазоди рӯзгори гузашта, таҷрибаи бузурги таърихии Хитой, роҳҳои ҳамкориҳои судманд бо кишварҳои гуногуни олам, заминаҳои бениҳоят қавии таърихӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иқтисодии рушди камназири Ҷумҳурии Мардумии Чин, самтҳои минбаъдаи инкишоф ва ташаккулёбии миллати бузурги хитойӣ мебошад».

Боиси зикр аст, ки китоби Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ» ба чанд забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудааст. Ба забони тоҷикӣ асарро мутарҷими шинохтаи тоҷик, насрнавис, академики Академияи мусавирии Тоҷикистон, докдори фалсафа дар соҳаи адабиёт, профессори Донишгохи Байналмилалии Таълими Бунёдӣ Абдуҷаббор Абдуғаффоров тарҷума намудааст.

Баъди анҷоми маросими рӯнамоии китоб конфронси илмӣ-амалӣ оид ба идоракунии давлатӣ дар Чин ва Тоҷикистон баргузор гардид.

Меҳмонони чинӣ баъди чорабинии мазкур ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ноҳияи Ҳисор ташриф оварда, ба намуди компютерҳо ва ҷузвдонҳо кӯмаки хайриявӣ намуданд. Сипас меҳмонони хориҷӣ аз Қалъаи Ҳисор дидан карда, бо таърихи он шинос гардиданд. Меҳмононро ба ноҳияи Ҳисор муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зевар Давлатзода ҳамроҳӣ намуд.