Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дастаи футболи Вазорати фарҳанг барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» мубориза мебарад

13 июни соли 2019 дастаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври ҳаштякниҳоии мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бо дастаи Фароз қувваозмоӣ менамояд.

Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» аз 25 апрели соли 2019 бахшида ба рӯзи «Ваҳдати миллӣ» дар майдончаҳои Федератсияи футболи Тоҷикистон байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо оғоз ёфта, то то 25 июни соли равон идома меёбад.

Дар ин мусобика дастаи Вазорати фарханги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи «г» бо дастаҳои Вазорати мудофия, Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи муҳити зист, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И.Сомонӣ ва Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳои худро баргузор намуда, бо гирифтани мақоми дуюм дар гуруҳи худ ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфт.