Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

70 нусха китоби Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» туҳфа ба китобхонаҳои Хатлон

8 июн аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин 70 нусха китоби тозанашру арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Уфуқҳои Истиқлол» ҳамчун туҳфа ба Китобхонаҳои марказонидашудаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ирсол гардиданд.

Китоби «Уфуқҳои Истиқлол» дар бораи бурду бохт ва комёбиву дастовардҳои кишварамон дар чаҳоряк асри Истиқлолияти давлатӣ, марҳалаи эҳё ва барқарорсозии давлати миллии тоҷикон, рушди иқтисодии мамлакат, сиёсати иҷтимоӣ ва натиҷаҳои умедбахши он, Ваҳдати миллӣ ва суботи иҷтимоӣ, манфиатҳои миллӣ ва сиёсати хориҷӣ, мақоми Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ва фардои дурахшони кишвари соҳибистиқлоламон нақл мекунад.

Китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» барои сиёсатшиносону муаррихон, муҳаққиқону коршиносони масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, байналмиллалӣ, рӯзноманигорон ва умуман доираи васеи хонандагон пешбинӣ гардидааст.

Хонандагон метавонанд, китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Уфуқҳои Истиқлол» -ро аз китобхонаҳои вилояти Хатлон дастрас ва мутолиа намоянд.