Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Бороварди нахли самар» дар Филармонияи давлатӣ

11 июни соли 2019 соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи консертии шаби эҷодии сарояндаи номдор, Корманди шоистаи Тоҷикистон Сарабек Раҳмонов бо унвони «Бороварди нахли самар» баргузор мегардад.

Дар барномаи консертӣ ҳофизони шинохта, Ансамбли рақсии «Лола» ва Гурӯҳи ҳаҷвнигорони «Маҳфилоро» ҳунарнамоӣ мекунанд.