Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии тадқиқоти «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон»

Дар шаҳри Душанбе муаррифии тадқиқоти «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон: ТВ, радио, нашрияҳои чопӣ, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳо» баргузор гардид.

Тадқиқоти мазкур аз ҷониби созмонҳои ҷамъиятии «Машварати расонавӣ», «Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало» дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон гузаронида шуд.

Ҳадафи тадқиқоти мазкур муайян кардани афзалиятҳои расонавии аҳолии кишвар мебошад, яъне шаҳрвандони кишвар ба дидану шунидан ва хондани кадом расонаҳои ватанӣ бартарӣ медиҳанд.

«Тадқиқоти мазкур марҳилаи дуюми лоиҳа аст, - изҳор намуд директори ТҶ «Машварати расонавӣ» Набӣ Юсупов. – Соли гузашта мо аллакай ин гуна тадқиқот баргузор карда будем, ки моҳи апрели моли 2018 муаррифӣ гардид. Дар тадқиқоти нав мо на танҳо аз сатҳи афзалиятҳо ба ин ё он ВАО огоҳ шудем, балки натиҷаҳои соли гузаштаву имсоларо муқоиса карда, муайян намудем, ки вазъ то кадом андоза тағйир ёфтааст. Тадқиқот на танҳо ВАО-и анъанавӣ, балки воситаҳои нави дастрасии иттилоъ – интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва мессенҷерҳоро низ фаро гирифтааст». Н.Юсупов инчунин қайд кард, ки фанновариҳои нав дар тамоми ҷаҳон тамоюлоти навро ҷорӣ намуданд, ки феълан омӯхта нашудаанд. Аз ин рӯ, як қисмати ин тадқиқот ба муайян кардани дараҷаи гузариши аҳолии Тоҷикистон ба фанновариҳои нав ва сатҳи маърифати расонавии он бахшида шудааст.

Натиҷаҳои тадқиқот ба суолҳои муҳим посух гуфта, нишон медиҳанд, ки ВАО-и анъанавӣ бояд ба кадом самт равад ва барои расонаҳои нав кадом дурнамо боз шуданаш мумкин аст. Тадқиқот аз рӯи намудҳои ВАО мухотабонро муайян мекунад ва метавонад ҳам барои интихоби самтҳои афзалиятнок дар рушди соҳа ва ҳам барои расонаҳои ҷудогона истифода шавад.

Тадқиқот бо дастгирии молиявии Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар маҷмуъ, дар он зиёда аз 2,5 ҳазор посухдиҳандагон аз тамоми гӯшаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.