Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Марҳабо ба базми рақс!

 

8 июни соли 2019 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ консерти ҳисоботии донишҷӯён ва устодони Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографӣ ба ном Малика Собирова баргузор мегардад.

Барномаи консертӣ ба 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шудааст.

Дар барнома рақсҳои минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон , рақс дар жанрҳои гуногун, рақсҳои баъзе халқиятҳои ҷаҳон, расқи муосир ва рақси классикии балет ҷой дода шудааст.