Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Наврасони тоҷик дар Фестивали байналмилалӣ дар Алмато ҷои якум ва дуюмро гирифтанд

Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Фестивал-озмуни и ХХI байналмилалии истеъдодҳои наврас бо номи "Бозторгай" баргузор гардид. Дар он ҳунармандони наврас аз Итолиё, Булғория, Исроил, Арманистон, Федератсияи Россия, Точикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон хунарнамоӣ карда, санъати миллии хешро намоиш доданд. 

Кишвари моро дар ин ҷашнвора ду нафар навраси соҳибистеьдод - донишҷӯи Колеҷи санъати шаҳри Хуҷанд Сурайе Акрамова ва дастпарвари Мактаби санъати ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд Камолиддин Худоймерганов муаррифӣ карданд. 

Хунарнамоии ин ду санъаткори наврас, ки дар бахши навозандагӣ маҳорати худро нишон доданд, аз ҷониби ҳакамони озмун, яъне мутахассисони варзида ва ҳунарпешагони машҳур баҳои баланд гирифт. 

Дар натиҷа Сурайе Акрамова дар гурӯҳи синнусолии худ ҷои аввал ва Камолиддин Худоймерганов дар гурӯҳи синнусолии худ ҷои дуюмро ба даст овард. Ин наврасони соҳибҳунар бо сари боло ва диплому тухфаҳои озмун ба Ватан баргаштанд.