Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки композитори ҷавони тоҷик дар нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавон

 

Аз 7 то 12 июни соли 2019 дар шаҳрҳои Тошканд ва Хоразми Ҷумҳурии Ўзбекистон нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон, омӯзгори Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, композиторо ҷавон Зафар Турдалиев бо асарҳои худ «Консертино барои оркестри калони симфонӣ»,«Валс – фантазия барои оркестри калони симфонӣ» ва достони симфонии «Ҳулбук» муаррифӣ хоҳад намуд.

Нахустин Фестивали байналмилалии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади тарғиби беҳтарин намунаҳои осори композиторони ҷавон, ҳавасмандгардонии жанрҳои мусиқӣ барои оркестрҳои симфонӣ ва созҳои миллӣ, инчунин густариши робитаҳои эҷодии композиторони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.