Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»

 

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 30 майи соли 2019 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озорбойҷон Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ баргузор гардид.
Озмуни мазкур дар дар толори маҷлисгоҳи Китобхонаи миллии Озорбойҷон бо иштироки намояндагон ва осори адабӣ аз Ҷумҳуриҳои Белорус, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирѓизистон, Тоҷикистон, Федератсияи Россия баргузор гардид.
Дар маҷмӯъ аз 7 кишвар 81 китоб ба озмун пешниҳод карда шуд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ду донишномаи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, ки тавассути нашриёти «Эр-граф» интишор ёфтаанд ва 6 китоби ҶДММ «Ношир» манзури ҳакамони Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ гардиданд.
Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамони озмун дар номинатсияи «Иттиҳод» ҷойи сеюм ба китоби Мирзоюнус М. «Творческое взаимодействие писателей Центральной Азии» (Хуҷанд, Ношир, 2018), дар номинатсияи «Кишвари ман» ҷойи аввал ба китоби «Северный Таджикистан» (мураттиби. Р.Ахмадзода ва дигарон. – Хуҷанд, Ношир, 2018), дар номинатсияи «Муколамаи фарҳангҳо» ҷойи аввал ба китоби «Наврўз ва ҷашнҳои дигар», ҷилди 3-и Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик (Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик. – Душанбе, Эр-Граф, 2018.), бо дипломи махсус китоби Есенин С. “Гулафшони шеър” (бо ду забон: русӣ, тоҷикӣ ва ҳуруфи арабӣ, ҶДММ «Ношир», 2018) дар номинатсияи «Илм ва инноватсия» ҷойи дуюм ба китоби Донишгоҳи давлатии бизнес, ҳуқуқ ва сиёсати Тоҷикистон “Боргоҳи муқаддаси маърифат” (ҶДММ «Ношир», 2018), дар номинатсияи «Адабиёти таълимӣ ва омӯзишӣ» ҷойи дуюм ба китоби «Асосҳои web-дизайн» (ҶДММ «Ношир», 2018), дар номинатсияи «Ғалаба» ҷойи дуюм ба китоби «Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945)» (ҶДММ «Ношир», 2018) соҳиб шуданд. Ҷамъулҷамъ аз 8 китобе, ки аз ноширони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ гардида буд 7 китоб соҳиби ҷоизаҳои гуногун гардиданд. Танҳо як китоби Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, зери унвони «Донишномаи донишмандони Тоҷикистон дар ибтидои қарни ХХI» дар Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Душанбе сазовори дипломи махсус гардида буд, аз рўйихати озмун хориҷ карда шуд. Боқӣ тамоми китобҳои аз Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, аз ҷониби ҳайати ҳакамон сазовори ҷоизаҳо гардиданд.
Мутаассифона имсол ягон китоби ноширони тоҷик ба номинатсияҳои «Китоб барои кӯдакон ва ҷавонон», «Китоби мунаққаш (Арт-книга)», «Китоби дар Иттиҳод нашршуда», «Санъати ороиш» ва «Шоҳҷоиза» пешниҳод нагардид.
Маросими тантанавии мукофотонидани ғолибони Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб»-и кишварҳои узви ИДМ бо диплом ва ҷоизаҳои Кумитаи Иҷроияи ИДМ дар рафти маросими тантанавии мукофотонидани ғолибони Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоби Москва ба нақша гирифта шудааст.
Озмуни XVI байналмилалии «Санъати китоб» на танҳо яке аз минбарҳои муҳим барои муаррифӣ ва шиносоӣ бо фаъолияти ноширони кишварҳои узви ИДМ мебошад, балки имрўз онро дар сатҳи ҷаҳонӣ низ эътироф менамоянд. Аз ин рў, хуб мешуд, ки ноширони тоҷик ба ин Озмун бо тайёрии ҷиддӣ бештар ҷалб гарданд ва китобҳои хешро манзури на танҳо хонандаи тоҷик, балки хонандагони тамоми кишварҳои ИДМ намоянд.

Қурбоналӣ Буризода
Ҳамраиси Шӯрои байнидавлатӣ
оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи матбуоти даврӣ,
нашри китоб, савдою тавзеи китоб ва умури ноширӣ