Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанг

4 июни соли 2018 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат оид ба ҷамъбасти тафтиши фаъолияти муассисаҳои зерсохтори вазорат аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷаласа кормандони дастгоҳи марказии вазорат ва роҳбарияти муассисаҳои зерсохтор иштирок намуданд.


Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оғоз гардид. Сипас сардори шӯъбаи ҳисоботи муҳосибавӣ ва баҳисобгирии вазорат Ибодулло Исмонзода дар бораи натиҷаи аудити молиявии дастгоҳи марказӣ, муассиса ва корхонаҳои тобеи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон гузориш дод.

Баъдан сардори шӯъбаи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ Шералӣ Хоҷаев оид ба иҷрои қонунгузорӣ вобаста ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои сайёҳон, субйектҳои соҳаи сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҳифзи обйектҳои мероси таърихию фарҳангӣ маъруза намуд. 

Дар фарҷом иштирокчиёни ҷаласа оид ба мавзӯъҳои мазкур ва дигар масоили корӣ суолу ҷавоб намуданд.