Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Мулоқоти Вазири фарҳанг бо Сафири Эрон

3 июни соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо Сафири фавқуллода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни Эрон ва Тоҷикистон, таҳия ва ба имзорасонии созишномаи нави ҳамкории фарҳангӣ сӯҳбат намуданд. 

Аз ҷумла, ташкил ва иштироки ҳар ду кишвар дар чорабиниҳои муштараки адабию фарҳангӣ, конфронсу семинарҳо, баргузории Рӯзҳои фарҳанги ҳар ду кишвар, иштирок дар намоишгоҳҳои китобӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд. 

Сӯҳбат дар фазои хушу хотирмон сурат гирифт.