Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 07:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вохӯрии Вазири фарҳанги Тоҷикитон бо Сафири Хитой дар Тоҷикистон

3 июни соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқуллодда ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Лю Бинро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар сӯҳбат намуданд. Ҷаноби Лю Бин иброз дошт, ки Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Хитой, ки моҳи майи соли ҷорӣ сурат гирифтанд, ба густариши робитаҳои фарҳангӣ такони ҷиддӣ бахшид. “Рӯзҳои фарҳангӣ равзанае мебошанд, ки тавассусти онҳо мардуми кишварҳои гуногун аз фарҳанг ва санъати ҳамдигар хабардор мешаванд”-зикр намуд Сафири Хитой дар Тоҷикистон. 

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода оид ба робитаҳои дӯстонаи ду кишвари ҳамсоя, ки аз қаъри асрҳо маншаъ мегирад, сухан гуфта, изҳор дошт, ки имрӯз имконияти васеъ барои ҳамкориҳо дар соҳаи санъат, фарҳанг, театр ва тарбияи кадрҳо мавҷуд мебошад. 

Сипас ҷонибҳо оид ба баргузории муаррифии китоби “Си Ҷин Пин оид ба идоракунии давлатӣ”, ки маҷмӯи суханрониҳо ва мусоҳибаҳои Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Ҷин Пинро дар бар мегирад, сӯҳбат намуданд. Муаррифии китоби мазкур, ки дар радифи чандин забонҳои дунё ба забони тоҷикӣ тарҷума шудааст, дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Тоҷикистон сурат мегирад. 

Инчунин мавзӯи дигаре, ки дар вохӯрӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин ташкили Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Хитой ва Маркази фарҳангии Хитой дар Тоҷикистон буд. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки ташкили чунин марказҳо ба таҳкими робитаҳои фарҳангии ду кишвар нерӯи тоза хоҳад бахшид.