Сомонаи пешина | Сш, 17 Сентябр 2019 | 14:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

«Мо бачагони хушбахти давронем»

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кўдакон дар Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Ш. Шоҳин чорабинии идона таҳти унвони «Мо бачагони хушбахти давронем» баргузор гардид.

Дар маҳфил тарбиятгирандагони «Маркази инкишофи кўдак»-и назди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 шаҳри Бохтар бо роҳбаладии омўзгор Фариза Латифова иштирок намуданд. 

Китобдорон бо гуруҳи наврасон ва кӯдакон бозиҳои шавқовари адабӣ ташкил намуданд. Аз ҷумла муаррифии китобҳои тозанашри бачагона чун «Афсонаҳои халқи тоҷик» дар 6-қисм диққати иштирокчиёни хурдсоли маҳфилро аз ҳама зиёдтар ҷалб намуд, зеро китобдорон ба онҳо баланду бурро қироат намудани шеър ва ифоданок хондани матнро омўзониданд. 

Чорабинӣ бо мақсади оммавигардонии хониш ва ҷалб намудани кӯдакону наврасон ба китобхонӣ, ташвиқу тарғиби ҳарчи бештари хониш, инчунин рангинтар намудани чорабиниҳои муассиса баргузор гардид.