Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Кӯдаконро ғамхорӣ мебояд

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст: «Ояндаи ҷомеа дар дасти кӯдакони имрӯз аст, ки фардо ба воя расида, ҷомеаро идора мекунанд. Аммо онҳо чӣ гуна ба воя мерасанд ва ҷомеаро чӣ гуна идора мекунанд, аз мо калонсолон вобаста мебошад».

Ҳамин аст, ки кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб» дар якҷоягӣ бо Китобхонаи вилоятии бачагона дар моҳи шарифи Рамазон ва бахшида ба таҷлили «Рӯзи байналмилалии ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон» барои кӯдакони Маркази вилоятии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил №2-и шаҳри Кӯлоб (шуъбаи бачагонаи табобатӣ - профилактикӣ) амали хайреро ба анҷом расониданд.

Китобдорон аз ҳисоби фитри рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ба 12- нафар тарбиятгирандагон аз оилаҳои ниёзманд, ки дар осоишгоҳ парвариш меёбанд, маводҳои ғизоӣ аз қабили картошка, пиёз, равған, биринҷ, донагӣ ва ширинҳо харидорӣ намуда, кӯмаки яквақтаина расонидаанд.

Кӯдаконро ғамхорӣ мебояд ва мутмаин ҳастем, ки кӯдакони имрӯза фардо чун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд.

Обидов Саймуҳаммад,
директори «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳр Кӯлоб»