Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъбасти озмуни вилоятии “Шукуфаҳои Истиқлол”

Дар толори Театри давлатии тамошобини ҷавони ба номи Одилҷон Назарови шаҳри Хуҷанд даври ҷамъбастии озмуни вилоятии “Шукуфаҳои Истиқлол” бо тарбиятгирандагони кӯдакистонҳои гурӯҳи тайёрӣ ба мактаби шаҳру ноҳияҳои вилоят сурат гирифт.

Директори Маркази методии Раёсати фарҳанги вилоят Олимҷон Юсупов аз номи сардори Раёсати фарҳанг хозиринро шодбош гуфта, ба кӯдакон осмони соф, хушиҳои кӯдакӣ, барору муваффақиятҳо таманно намуд.

Мақсад аз баргузории озмун баланд бардоштани фаъолияти китобхонаҳо, густариши ҳамкории тарафайн, ташаккули ҷаҳонбинӣ, эҷодкории кӯдакон китобу китобхонӣ дар доираи озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ” ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон мебошад.

Ғолибони даври аввали озмуни мазкур аз 13 шаҳру ноҳияҳои вилоят ширкат варзиданд.

Шартҳои озмун аз шиносоӣ ва қироати шеър, бозидани нақш аз рӯи китоби “Афсонаҳои халқи тоҷик” оиди ҳунару ҳунармандӣ, “Сайри гули лола”-сохтан ва пешниҳоди гули лола аз коғазҳои ранга, рақс ё суруд дар оҳанги миллии кӯдакона иборат буд. Дӯстрӯякон аз ашъори адибони муосири тоҷик дар васфи Пешвои миллат,Тоҷикистон, Ватан шеърҳо қироат намуда, дар бозидани нақш аз рӯи китоби Афсонаҳои халқи тоҷик оиди ҳунару ҳунармандӣ маҳорат ва ҳунари худро намоиш доданд.

Ҳайати ҳакамон ба завқи бадеӣ ва ҳунару истеъдоди кӯдакон баҳогузорӣ намуда, ғолибонро муайян намуданд.

Тибқи номинатсияи озмун “Шоҳҷоиза” насиби Каримова Иноятхон аз кӯдакистони №1-и шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардида, ҷойи якумро Абдуллоев Некбахт аз кӯдакистони № “Суғдиён”-и шаҳриГулистон, ду ҷойи дуюмро Ҷураева Моҳнура, кӯдакистони №2-и ноҳияи Деваштич ва Абдуллоева Фараҳноз кӯдакистони №14-и шаҳри Конибодом, се ҷойи сеюмро Тоҷибоева Иродахон аз кӯдакистони №13, шаҳри Бӯстон, Ёрхонова Сумайя аз кӯдакистони “Офтобак”-и ноҳияи Зафаробод, Мирахмедова Сумайя аз кӯдакистони №1-и ноҳияи Мастчоҳ соҳибӣ намуданд.

Директори китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А.Шукӯҳӣ М.Расулова озмунро ҷамъбаст намуда, ба китобдорон, мураббиён, волидон, ки саҳми худро дар ташкили чорабинӣ гузоштаанд, изҳори сипосмандӣ намуд.

Ба ғолибони озмун Диплом ва тӯҳфаҳои Раёсати фарҳанги вилоят ва ба беҳтаринҳо барои иштироки фаъолона Сипосномаи китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи А.Шукӯҳӣ ва тӯҳфаҳо дар фазои идона супорида шуданд.