Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҷамъият аз оила ибтидо мегирад

30 майи соли 2019 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб” ҷиҳати татбиқи ,,Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон,, Қарори Раиси вилояти Хатлон аз 30.05.2014 №111 “Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зуроварӣ дар оила дар вилояти Хатлон барои солҳои 2014-2023” мизи гирд баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Китобхонаи оммавии вилоятӣ Саймуҳаммад Обидов оғоз намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Сипас мудири Бахши кор бо зан ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб Бибинур Хушвақтова, мутахассиси Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр - Ҷамила Асозода ба сухан баромада, оид ба муноқишаҳои оилавӣ, сабаб ва оқибатҳои ҷудошавии оилаҳои ҷавон, пешгирии зӯроварӣ дар оилаҳо ва яке аз масъалаҳои мубрами рӯз, ки ин тарзи дуруст бар бар намудани либоси миллӣ дар байни ҷавондухтарон мебошад, изҳори андеша намуданд. 

Дар охир раиси Шӯрои занони Китобхона Моҳбону Ҷумаева меҳмононро аз номи тамоми иштирокчиён хайра мақдам намуда, ҷавононро ба якдигарфаҳмӣ, ҳурмати падару модар, хусуру хушдоман ва ҳар як аъзои оилаи шавҳар даъват намуд. Ҳамзамон аз байни ҳозирин таклиф ба амал омад, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни оилаҳои ҷавон бештар гардад.



Абдуллоева Саодат,
корманди «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон 
ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб».