Сомонаи пешина | Яш, 22 Сентябр 2019 | 07:09
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

XVI озмуни байналмиллаии «Санъати китоб»

30 майи соли 2019 дар шаҳри Бакуи Ҷумҳурии Озарбойҷон XVIозмуни байналмиллаии «Санъати китоб» байни кишварҳои ИДМ баргузор мегардад.

Субҳи ҳамон рӯз дар толори Китобхонаи миллии Озарбойҷон ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмун доир мегардад. Дар ҷаласаи мазкур директори «Хонаи китоби Тоҷикистон» Қурбон Бӯриев, ки аъзои доварони озмуни мазкур аст, иштирок хоҳад кард.

Барои иштирок дар озмуни мазкур аз Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор адабиёти тозанашр пешниҳод мегарданд.

Боиси зикр аст, ки соли гузашта ҷаласаи ҳайати ҳакамони озмуни мазкур дар шаҳри Душанбе дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон сурат гирифта, ҷилди аввали Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик сазовори Шоҳҷоизаи Озмуни XV байналмилалии «Санъати китоб» гардида буд.