Сомонаи пешина | Пш, 17 Октябр 2019 | 16:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфили фарҳангӣ дар Осорхона: «Мақоми мероси мусиқӣ дар тамаддуни миллат»

 

28 майи соли 2019 дар Осорхонаи ҷумхуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ бахшида ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 –2021 маҳфилӣ фарҳангӣ-маърифатӣ дар мавзӯи “Мақоми мероси мусиқӣ дар тамаддуни миллат” баргузор гардид.

Маҳфил дар ҳамкорӣ бо ширкати сайёҳии назди Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ташкил гардида, дар он гурӯҳи сайёҳон аз Ҷумҳурии Беларус ва кормандони иттифоқҳои касаба ширкат варзиданд. 

Мақсад аз гузаронидани ин маҳфил мусоидат дар татбиқи сиёсати фарҳангии мамлакат ва саҳм гузоштан дар муаррифии мероси мондагори мусиқӣ тавассути ҷалби ҷомеаи шаҳрвандии дохил ва хориҷи кишвар ба чорабиниҳои Осорхонавӣ мебошад.