Сомонаи пешина | Пш, 17 Октябр 2019 | 16:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Ҳимматбаланди нукатсанҷ

 

Боиси шукргузорӣ ва қаноатмандист, ки имрўзҳо дар саросари кишвар пайи иҷрои Амри Президенти мамлакат оиди баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» хурду калони кишвар азм доранд ва аллакай ин озмун натиҷаи дилхоҳ низ ба бор овардааст. Тавассути ин озмун мардуми боиффату олитабори кишвар бори дигар боварӣ ҳосил намуд ба муҳаббату ғамхории ҳамаҷонибаи фарзанди накўноми миллат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон нисбати таъриху адабиёт, нисбати халқи азиз, бахусус нисбати насли ояндасоз ва дар руҳияи илму адаб тарбияи намудани эшон.

Дар радифи иқдоми неки ин марди шарифу оқил ва дурандеш имрўзҳо дар саросари кишвар озмуни мазкур шаффофу ботантана идома дорад ва онҳое, ки ба ҳайси ҳакамон дар даврҳо ширкат намуда истодаанд, ба донишу малаккаи бачаҳо баҳои ҳақ мегузоранд.

Мутмаинем ин озмун он падидаҳо, он истеъдодҳоеро кашф менамояд, ки воқеан вориси арзандаи ин миллату ин давлат мегарданд ва дар рушди илму ҳунар, дар рушди самтҳои афзалиятноки кишвар саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Дар партави сиёсати фарҳангпарваронаю дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузории Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар солҳои охир Фестивали ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон” - ро баргузор менамояд, ки аз ҷониби аҳли кишвар баҳои баландро сазовор шудааст. Дар рўзҳои баргузории ин иди фархунда дар саросари мамлакат бо иштироки адибону ҳунармандон маҳфилҳои рангоранг, вохўриҳои судманд ва озмунҳои гуногун баргузор карда мешавад, ки ҳар яке дар зиёд намудани меҳри насли наврас ба китобу китобхона, арзишҳои миллӣ, ватандўстию хештаншиносӣ , бунёдкорию ихтироъкорӣ ва пеш аз ҳама дар шинохти фарзандони сарсупурдаву фарзонаи ин миллати куҳанбунёд нақши калон мебозад.

Адибони меҳанпарасту рангинхаёл ҳамасола дар рўзҳои фестивал, ки аз 2-юм то 9-уми апрел ҷараён мегирад, ба мактабҳои пойтахт, мактабу кўдакистонҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо сафар намуда бо ташрифи эшон базмҳои хотирмони шеъру суруд доир мегардад, ки он дар тарғиби китоб, рушди муассисаҳои маърифатӣ ташаккули ҳаёти солим, дастгирии хонандагони соҳибистеъдод мусоидат менамоянд.

Яке аз чунин адибони меҳанпараст, саховатпеша нависанда, барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Садриддин Ҳасанзода мебошад, ки ҳамасола ҳамчун адиби фаъолу сермаҳсул бо бағали пур аз анвои маънӣ меҳмони бачаҳо мегардад. Устодро мешинохтам, вале пас аз вохўрии навбатиашон дар яке аз рўзҳои фестивали имсола, аниқтараш рўзи 6-уми апрели соли 2019 дар деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳия Восеъ дар мактаб - интернати хонандагони лаёқатманди деҳаи Кадучӣ бори дигар дорои зоҳиру потини пок будани устодро аниқ кардам.

Пазироии гарми омўзгорону хонандагон ва роҳбарияти ноҳия, шахсиятҳои маъруфи ноҳия шаҳодате буд аз бузургиву хоксории ин қаламкаши пурмаҳсул.

Тибқи барнома он рўзи муборк шоирони халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, Ҳақназар Ғойиб, Акбари Абдулло, рўзноманигори хизматнишондодаи Тоҷикистон Мардон Раҷаб, доктори илми таърих, профессор Зиёзода Табаралӣ, доктори илмҳои филологӣ Зафари Мирзоён ва сармуҳаррири рўзномаи «Садои мардум» Самариддин Асозода намояндагони Вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, китобдорон, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ ва хонандагону омўзгорони ноҳия моро ҳамроҳӣ менамуданд.

Аз рўи анана адиберо бачаҳо интизорӣ мекашиданд, ки барояшон армуғони тоза тақдим намояд ва ин иқдомро устод амалӣ намуда, намунаҳоеро аз китобҳои «Саҳрои бекаронаи таърих» 3 ҷилд, «Иморати сухан», «Терроризм ва экстримизм - ҷаҳолату гумроҳӣ», «Як пора рўшноӣ», «Фарҳангшиносӣ», «Чароғи давра» ба эшон тақдим намуд. Ҳамқаламону ҳозирин бобати амалҳои хайрхоҳона, ташаббусҳои ватандўстона, ғамхоронаи устод нисбат ба мактабҳои деҳоти мазкур, инкишофи варзиш миёни наврасону ҷавонон суханронӣ кардаанд.

Зимни ёдовариҳо аён гашт, ки деҳаи Кадучиро нависандаи машҳур Ҷалол Икромӣ «Шерози Тоҷикистон» ном мебурдаасту ин деҳаи кучак 13 нафар адиб ва олими варзидаро дар самтҳои гуногун ба камол расонидааст, ки метавон бо ифтихор номи Ғоиб Сафарзода, Шоҳмузаффар. Ёдгорӣ, Мардон Раҷаб, Абдуҳамид Самадов, бародарон Наҷот, Ҳусайн ва Ҳусен Сафаров, Мирзо Табар, Раҳим Рафиев, Мусамир Гулаҳмадов, Тағай Ҳомидов, Ҷумахон Мўминов ва Абдуҳаким Неъматовро ба забон гирифт, ки устод Садриддин Ҳасанзода идомабахши орзуву ормони наҷиб, амалҳои созандаи онҳо маҳсуб меёбад. 

Ҳамчунин мудири бахши фарҳанги ноҳияи Восеъ Субҳон Раҷабов иброз дошт, ки устод чанд муддат вазифаи директори Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №6, 56 - ро бар уҳда дошт, чанд даъват вакили маҷлиси маҳаллӣ интихоб гаштааст. Бо ташаббус ва хайрхоҳии устод беморхонаи зараровари амрози сил тағйири ҷой карда дар маҳаллаи Дашти Дилӣ пайроҳа, мағоза ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №56 бо тарзи замонавӣ аз нав сохта ба истифода дода шудааст.

Аз таҳсину офарини дўстону пайвандон ба хулосае омадам, ки устод Ҳасанзода аз ҷўе, ки оби пок хўрдаст, ҳеҷ гоҳ дар он сангу хок намепартояд ва пайваста дар талоши он аст, ки дар ободии деҳа, шароити хуби таҳсили бачаҳо ва таъмин мардум бо оби тозаи ошомиданӣ саҳми худро гузорад.

Амали дигари ҷавонмардонаи устод он аст, ки ҳамасола дастаҳои варзишгарони маҳалиро дар иштироки сабқат барои ҷоми ҷойизаи Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маблағгузори менамояд. Пас аз анҷоми маҳфили адабӣ шоҳиди баргузории мусобиқаи пурҷўшу хурўши дастаҳои футболи ҷавон шудем, ки ба ғолибон медалу ифтихорномаҳои мусобиқа, Кумитаи кор бо ҷавонону варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи рўзноманигорони Тоҷикистон, Федератсияи футболи Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Восеъ ва тўҳфаҳои пулию молии нависандаи сахопешаи мо Садриддин Ҳасанзода ва ҷоми таъсисдодаи ў тақдим карда шуданд.

Дилбастаи эҷоду адабиёт, ки ҳаст, ба қадри сухану суханвар хуб мерасад. Аз ин рў ба хотири ҳавасмандгардонӣ, ривоҷи истеъдоди хонандагон ва афзудани майлу рағбаташон ба таълим, инноватсия ва забондонӣ аз ҳисоби нафақапулии худ ба 6 нафар хонандагони соҳибистеъдод ҳамасола тибқи қарори шуъбаи маорифи ноҳия идрор пулӣ муқаррар кардааст.

Ҳайати меҳмонон баъди нисфирўзӣ ба мактаби бунёдкардаи устод, ки бо ташаббуси устод ва қарори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Хатлон ба номи падари эшон Абдуллои Ҳасан, устоди пахтаи тоҷик, собиқ вакил дар маҷлиси вакилони вилояти Кўлоб, дорандаи чандин Ифтихорномаҳои Шурои Олии ИҶШС, РСС Тоҷикистон номгузорӣ шудааст, ташриф овардем ва зимни вохўрӣ бо омўзгорону хонандагон, қаноатмандии мардумро аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва устоди гиромиқадр Садриддин Ҳасанзода баръало эҳсос намудем. Дар вохўрӣ сардабири нашриявии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Асозода, доктори илми таърих, профессор Зиёзода Табаралӣ, корманди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Сафаров ва банда суханронӣ намуда, ҳозиринро барои саҳмгузорӣ барои иҷрои ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саноаткунонӣ, солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват намудем ва ташаббусҳои хоксоронаи устод Садриддин Ҳасанзодаро намуна овардем, ки ҳар сол таъмири синфхонаҳои бунёдкардаашро ба зимма гирифтааст.

Дар воқеъ, барои мақсадҳои наҷиби ватандўстӣ, сулҳпарварӣ дар мадди аввал ҳиммату ғайрат меистад ва мардони рўзгор бо ҳимматбаландӣ ба ҷойе мерасанд. Яъне устоди муҳтарами мо низ як зиёии муқаррарӣ асту дар баробари навиштани асарҳои баландмазмун, чун рўзноманигори худогоҳ, хештаншинос барои ҳаллу фасли нақшаҳои нек ба қадри тавон талош менамояд.
Ба устоди гиромӣ, ба фаъолтарин иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ» ва фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кўдакону наврасони Тоҷикистон» Садриддин Ҳасанзода барору бурдборӣ таманно намуда, умед бар он мебандем, ки шумори пайравони ин марди гиреҳкушо дар ҷумҳурӣ меафзояду аз ин ҳисоб зиндагии мардуми деҳот рў ба беҳбудӣ менамояд.

Қурбон Ғуломзода,
Сардори раёсати рушди муассисаҳои
фарҳангӣ - фароғатӣ ва ҳунарҳои мардумии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент