Сомонаи пешина | Яш, 27 Мая 2018 | 10:05
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Тоҷикдухтар дар озмуни байналхалқии «Бо овози баланд» дар шаҳри Москва беҳтарин сароянда дониста шуд

 

Хонандаи синфи 11-и МТМУ №8-и шаҳри Душанбе Амал Ҳафизова, ки дастпарвари студияи «Ҳафтранг» аст, дар озмуни байналхалқии телевизионии «Бо овози баланд» («Во вес голос») ғолибият ба даст оварда, беҳтарин сарояндаи яккахони лоиҳаи «Бо овози баланд» дар байни духтарон дониста шуд. 
Дар мусобиқаи гурӯҳии озмун дастаи чорнафараи Тоҷикистон ҷои дуввумро ба даст оварданд. Ҷои якум насиби дастаи Федератсияи Россия ва ҷои сеюм насиби дастаи Ҷумҳурии Қазоқистон гардид.
Дар байни ҷавонписарон овозхони Молдова Денис Мидоне яккахони беҳтарин эълон гардид. Гурӯҳи «Жулдиздар» аз Қазоқистон гурӯҳи беҳтарини мусиқӣ, дастаи ҳаваскорони Россия дастаи беҳтарин интихоб шуданд.
Ба гурӯҳи иштирокчиён аз Тоҷикистон инчунин Некруз Зребунов - донишҷӯи соли аввали кафедраи санъати сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Дилноза Абдуалимова - донишҷӯи соли аввали кафедраи фортепианои тахассусии консерваторияи мазкур, Томирис Илназарова - хонандаи синфи 7-и МТМУ №6 низ шомил буданд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун дастпарварони студияи «Ҳафтранг» мебошад, ки роҳбарии онро ҳунарпешаи маъруфи Тоҷикистон, овозхони гурӯҳи «Авесто» Таҳмина Рамазонова дар уҳда дорад. Санъаткорони ҷавонро дар озмун омӯзгори кафедраи санъати сарояндагии эстрадии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов Зафар Абдуалимов роҳнамоӣ кард. Зафар Абдуалимов инчунин ба ҳайати доварони озмун шомил буд.
«Ташкилкунандагон, иштирокчиён ва доварони озмун аз истеъдод ва маҳорати иҷроиши фарзандони мо ба ҳайрат афтоданд. Онҳо гуфтанд, ки чунин иштироки намунавиро аз тоҷикон интизор набуданд. Муаррифгарони ҷавони санъати тоҷик аз тоҷик будани худ ифтихор карданд»- гуфт роҳбари студияи «Ҳафтранг»Таҳмина Рамазонова.
Чанде қаблан иттилоъ дода будем, озмун аз 13 то 18 сентбяри соли 2017 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба ифтихори 25-солагии барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни кишварҳои ИДМ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони ҷавони 12 -16 сола аз Арманистон, Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова, Россия, Тоҷикистон ва Озорбойҷон иштирок намуданд. Навори озмун аз 11 ноябр то 30 декабри соли 2017 тариқи шабакаи телевизионии «Мир» пахш гардид.