Сомонаи пешина | Пш, 18 Июл 2019 | 19:07
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Сокини шаҳри Хуҷанд дастгоҳи кулолгарӣ ихтироъ намуд

Муҳандис-соҳибкор аз шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Ҳасанов ба муносибати Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дастгоҳи кулолгарӣ ихтироъ намуд.

Нӯъмон Ҳасанов мегӯяд, ки суханҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар садо дода буданд, яъне «Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф мебошад» ӯро ба чунин навоварӣ рӯҳбаланд намуданд. 

Мақсад аз ихтирои дастгоҳи мазкур рушди ҳунари кулолгарӣ, зиёд намудани маҳсулнокии кори кулолгарон, ҷалби ҷавонон ба ин касб мебошад. 

Дастгоҳи мазкур ба воситаи барқ кор карда, бо ёрии он дар як соат зиёда аз 16 маҳсулоти кулолгарӣ истеҳсол кардан мумкин аст.