Сомонаи пешина | Пш, 17 Октябр 2019 | 16:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Маҳфил дар китобхонаи бачагонаи шаҳри Кӯлоб

 

25 майи соли 2019 дар Китобхонаи вилоятии бачагонаи шаҳри Кӯлоб маҳфили шеърхонӣ таҳти унвони «Беҳтарин ёри вафодор» баргузор гардид.

Чорабинӣ бо мақсади ғанӣ гардонидани захираи луғавии кӯдакону наврасон бо иштироки васеи хонандагони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ ва томактабӣ ташкил карда шуд.

Маҳфил дар доираи Озмуни ҷумҳуриявии ,,Фурӯғи субҳи доноӣ…,, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишварамон доир мегардад, гузаронида шуд.

Боиси зикр аст, ки китобдорон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то Озмуни мазкур дар сатҳи баланд сурат гирад ва ҳар чӣ бештар наврасону ҷавонон ба хониш ҷалб гарданд.

Қосимова Заррина,
корманди Китобхонаи вилоятии
бачагонаи шаҳри Кӯлоб.