Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Раванди ҷаҳонишавӣ ва сиёсати фарҳангӣ

Пешвои муаззами миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳои хеш, бахусус дар паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олии кишвар сиёсати «дарҳои кушода» - ро ҳамчун меҳвари аслии муносибатҳои Тоҷикистон бо ҷаҳони муосир арзёбӣ карда, пайваста идома бахшидан ба ин сиёсатро таъкид менамоянд. Дар ин робита, метавон гуфт, ки ҳама гуна сиёсати давлатдорӣ, бахусус «дарҳои кушода» - ро, ки барои таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои ҷаҳон заминаҳои боэътимод мегузорад, наметавон аз сиёсати фарҳангӣ ҷудо кард. Аз ин рў, мафҳуми «сиёсати фарҳангӣ» на танҳо мансуб ба соҳаи фарҳангу маънавиёт, гузарондани чорабиниҳои фарҳангист, балки зиёда аз он, ҷавҳари робитаю муколамаҳо бо давлатҳои сайёра, одоби муошират ва ҳусни ҳамҷаворӣ дар ин муносибатҳоро ифода менамояд. Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун сиёсатмадори машҳур шинохта шудани Пешвои миллати мо низ аз ҳамин фарҳанги волои муносибат доштанашон бо шарикони боэътимоди стратегӣ бармеояд. Маҳз, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба раванди ҷаҳонишавӣ ҳамчун кишвари сулҳдўсту сулҳпарвар ворид шуд.

Дар ин раванд, Сарвари давлат ба рушди фарҳанги миллӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд. «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, оину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем», - изҳор доштанд Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ. Яке аз самтҳои муҳими пайгирӣ намудани ин ҳадафи наҷиби ватандўстона Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани солҳои 2019 - 2021 маҳсуб мешавад.

Ин тадбири муҳим, имкон медиҳад, ки ба кишвари мо ҳарчи бештар сайёҳони хориҷӣ ҷалб шаванд. Ҷалби сайёҳон бошад, ба муаррифии бештари дастовардҳои миллӣ – ҳунарҳои мардумӣ ва суннатҳои аҷдодиамон мусоидат мекунад. Яъне, мо бояд аз ворид шудан ба равандҳои ҷаҳонӣ наҳаросида, балки ба хотири имрўзу ояндаи Ватани азиз ҳарчи бештар арзишҳои миллиамонро пешорўи ҷаҳониён гузорем ва, ҳамзамон, онҳоро эҳё ва ҳифз намоем. Раванди ҷаҳонишавӣ ҳамин имкониятҳоро барои мо фароҳам овардааст ва барномаи рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро метавон ҳамчун яке аз барномаҳои самарабахши сиёсати «дарҳои кушода» арзёбӣ намуд. 

Сайёҳони хориҷӣ ба кишвари мо ташриф оварда, на танҳо бо табиати зебо, манзараҳои марғуб, гулу гиёҳҳо, наботот, ғановати обшорон аз наздик ошно мешаванд, балки зиёда аз ин, тавассути мушоҳидаҳо ва омўзиши урфу одат, ҳунарҳои мардумӣ, либосҳои миллӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва забони мо аз ғановати маънавӣ ва миллати соҳибтамаддун будани тоҷикон огаҳӣ пайдо мекунанд, намунаҳои беҳтарини онҳоро қабул ва ба ватани хеш мебаранд. Ба ибораи дигар, ин раванд ба арзишҳои миллии мо қадру манзалати ҷаҳонӣ мебахшад. Яъне, ба ин восита, роҳи фарохе дар миқёси дунявӣ ба фарҳангу забони мо боз мешавад. Масалан, чуноне ки медонем, 23 - юми феврали соли 2010 Сессияи 64 - уми Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид дар доираи «Тамаддунҳои ҷаҳонӣ» қатъномаи Рўзи ҷаҳонии Наврўзро, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда буд, таҳти унвони «Фарҳанги сулҳ» ба имзо расонд ва бори аввал дар таърихи ин созмон Наврўзи оламафрўз ба унвони як Иди байналхалқӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба расмият даромад. Ба ҳамин монанд, тайи солҳои охир эҳё шудани ҷашнҳои дигари аҷдодиамон, амсоли Меҳргону Сада, шомил гаштани Шашмақом ва чакан ба Феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО, шаҳри қадимаи Саразм ва Парки миллии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси моддии ташкилоти зикршуда аз ҳамқадам будани Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ шаҳодат медиҳад. 

Гуфтаҳои боло як тарафи масъалаанд. Тарафи дигари масъала он аст, ки имрўз дар саросари олам аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ ба арзишҳои миллӣ, бахусус забон, урфу одатҳои миллӣ изҳори нигаронӣ карда мешавад. Таърихи инсоният забонҳои зиёдеро ёд дорад, ки замоне онҳо ҳамчун забони абарқудрат истифода мешуданд. Вале, бо гузашти айём, бо сабабҳои дохиливу берунӣ аз байн рафтаанд. Албатта, забонҳо беихтиёр ба таҳаввулоти дохилӣ дучор мегарданд, аммо ин раванд, хеле оҳиста ба вуқўъ меояд, ки соҳибзабонон аз он бехабар мемонанд. Албатта, таҳти таъсири ҳодисаҳои таърихӣ дигар шудани забон фоҷиаи сахт ва ҳузнангез аст. 

Олимони забоншинос сарвати бебаҳои миллат будани забон ва арҷгузорӣ ба онро махсус таъкид намуда, бо ташвиш чунин ақидаҳо пеш меоранд, ки бояд пеши роҳи муносибати бегонапарварона ба забони тоҷикӣ, аз қабили кўр - кўрона пазируфтани иқтибосҳо аз забонҳои ғайр, ба фаромўшӣ додани вожаҳои худӣ, таъриху фарҳанги худ, саҳлангориҳо дар интихоби меъёри забони давлатӣ ва ғайра гирифта шавад. 

Миллати тоҷик аз қадимулайём ҳамчун халқи фарҳангдўст шуҳрат пайдо карда, бояд имрўз ин мероси гаронбаҳои халқамон ҳифз шавад. Ошкоро бояд гуфт, ки дар шароити кунунии қадам ниҳодан ба раванди ҷаҳонишавӣ, костагиҳое дар анъанаҳои фарҳангсолории мо ба мушоҳида мерасанд. Одоби муошират, бахусус дар байни ҷавонон, ахлоқу одоб, эҳтироми калонсолон рў ба таназзул оварда, ноҷўриҳое дар забони гуфтугўӣ ҷой доранд. Сабаб он аст, ки хунукназарӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ дар бархе аз хонаводаҳои тоҷик амиқ реша давонда, муттасил ҷомеаро фаро мегирад. Чунончи, волидон аз нуқтаи назари «ҷаҳонишавӣ» кўшиш менамоянд, ки ба фарзандонашон забонҳои русиву англисиро омўзонда, ё онҳоро барои таҳсил ба мактабҳои ҳамин забонҳо дода, аз тақдири ояндаи «тоҷикзода» буданашон фаромўш мекунанд. Дар натиҷа, ин гуна фарзандон на танҳо забони модариашон, балки тарзи либоспўшӣ, одобу рафтор ва дигар суннатҳои миллиро аз ёд мебаранд. Сабаби дигар ин аст, ки дар шароити кунунӣ ҷаҳду талошҳо барои сарватғундорӣ, ҳирси дороию худнамоиҳо, «мусобиқа» дар бунёди хонаҳои боҳашамат, қасру кўшкҳо боло рафтааст. Ба назар чунин мерасад, ки сиёсати иқтисодӣ торафт мавқеи сиёсати фарҳангӣ ва шабакаҳои интернетӣ ҷойи китобу китобхониро танг карда, боиси дур гаштани мардум аз маънавиёт мегардад. 

Насли нисбатан калонсол ҳаққонӣ гилагузорӣ мекунад, ки то давраи роҳ ёфтан ба ҷаҳонишавӣ чунин зуҳуроти нангин ба мушоҳида намерасид. Аз ин рў, ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки ба равияҳои тундгароиву ифротпарастӣ гаравидани бархе аз ҷавонони имрўза низ аз паст будани сатҳи донишандўзӣ ва фарҳангии онҳо ба амал меояд. 

Имрўзҳо омодагиҳо баҳри таҷлили Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён доранд. Ин санаи фархунда, пеш аз ҳама, зарурати таҳким бахшидан ба сиёсати фарҳангиро тақозо менамояд. Татбиқи муваффақонаи ин сиёсат фишанги тавоное хоҳад буд баҳри баланд бардоштани дарки миллӣ, худшиносию худогоҳӣ, ватандўстию ватанпарастии ҳар фарди кишвар.

Азизмурод ШАРИФОВ,
корманди Вазорати фарҳанги
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз рузномаи «Ҷумҳурият»
07 майи соли 2019, №87 (23690)