Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Фестивали ҷумҳуриявии «Дунёи саодат» ҷамъбаст гардид.

Шоми 15 майи соли 2019 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор гардид.

Дар барномаи мазкур 13 ансамбли беҳтарини оилавӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи 11 шарти фестивал ҳунарнамоӣ намуданд.
Ансамблҳои оилавии Холовҳо-шаҳри Кӯлоб,-Мастоновҳо шаҳри Панҷакент, -Назаровҳо шаҳри Ҳисор,- Авазбековҳо ноҳияи Ишкошим,-Саидовҳо шаҳри Роғун,-Нарзуллоевҳо ноҳияи Ёвон,-Латифовҳо ноҳияи Мастчоҳ,- Қурбоновҳо ноҳияи Рўдакӣ,-Назаралиевҳо, ноҳияи Шуғнон,-Шамсиён ноҳияи Файзобод,-Исоевҳо, ноҳияи Лахш,-Гадоевҳо, ноҳияи Қубодиён ва ансамбли оилавии Асратбековҳо, ноҳияи Рушон ғолибони Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавии «Дунёи саодат» гардида, бо ҷоиза ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Хотиррасон менамоем, ки даври аввали фестивал моҳи апрел шуруъ гардида, дар он танҳо ансамблҳои оилавие, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд, аз тарафи раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг ба қайд гирифта шудаанд иштирок карданд.

Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи Фестивали ансамблҳои оилавӣ қабл аз ҳама рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоипарастии ҷавонону наврасон мебошад.