Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иштироки Вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ҷаласаи 16-уми вазирони фарханги кишварҳои СҲШ дар Бишкек

14 майи соли 2019 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи 16-уми вазирони фарҳанги кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ шурӯъ намуд, ки дар он Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати фарҳанг Абдуғаффор Абдуҷабборов иштирок доранд.

Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои робитаҳои фарҳангӣ байни кишварҳои аъзои СҲШ ва таҳкими минбаъдаи онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Чаласа имрӯз, яъне 15 май низ ба кори худ идома дорад. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар мавзӯи «Ҳолат ва чораҳои беҳбудӣ бахшидани ҳамкориҳои фарҳангӣ дар доираи СҲШ, нозирон ва шарикони муколамаи СҲШ» баромад намуд.

Созмони ҳамкории Шанхай - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда мебошад. Ба созмони мазкур Хитой, Руссия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон ва Покистон аъзо мебошанд.