Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Осорхонаи ба номи «Дӯстии халқҳо»-и Норак ҳунарҳои мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд

 

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар толори Осорхонаи  ба номи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Норак  бо иштироки меҳмонон, намояндагони мақомоти иҷроия, ҳунармандон, кормандони Осорхона маҳфили  илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин бора мудири  шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Дар маҳфили мазкур аз  ҷониби дӯзандагону косибон намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, бофандагию қуроқдӯзӣ, чӯбтарошиву мӯзадӯзӣ  ба намоиш гузошта шуда, кормандони Осорхона оид ба навъҳои гуногуни ҳунарҳои мардумӣ ба меҳмонон маълумот доданд. Инчунин вобаста ба ташаббусҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  рушду равнақи соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ва саҳми  ҳунармандон  дар тарғиби анъанаҳои миллию  мардумӣ ибрози назар карда шуд.

Дар маҳфил ба ҳунари навозандагию ромишгарии   тарбиятгирандагони мактаби бачагонаи санъат ва ҳунармандони беҳтарини шаҳр баҳои арзанда дода шуда, онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.

 

АМИТ «Ховар»