Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Иқдоми «Китоб – манбаи дониш» - имкони харидории китоби шавқовар бо лотореяи бурднок

11 майи соли 2019 дар боғи Рӯдакӣ дар пояи пайкараи асосгузори адабиёти тоҷику форс устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ба таври тантанавӣ лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» оғоз ёфт.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату кумитаҳои ҷумҳуриявӣ, устодону донишҷўёни мактабҳои оливу муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, меҳмонон ва сокинони пойтахт иштирок намуданд.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба чорабинӣ ҳусни оғоз бахшида, ин иқдоми наҷибро дар роҳи амалӣ гардидани сиёсати фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон саривақтӣ ва амали нек арзёбӣ намуд. Сипас Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи мақому мартабаи китоб суханронӣ карда, шеърҳо қироат намуданд. Устодони санъат Ҷамшед Исмоилов ва Чиллахон Холов бо суруду таронаҳои дилпазир ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшиданд.

Лотереяи бурдноки молӣ таҳти унвони «Китоб – манбаи дониш» бо ташаббуси нашриёти «Адиб» дар мувофиқа бо Вазорати фарҳанг ва Вазорати молия дар ҳошияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурўғи субҳи доноӣ…» дар асоси ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба хотири ташвиқу тарғиб ва оммавигардонии мутолиаи китоб роҳандозӣ гардидааст. Тибқи ин иқдом, ҳар нафаре, ки китоб харидорӣ менамояд, соҳиби лоторея мегардад. Дар лоторея бурдҳои пулию молӣ (маблағ то 10 ҳазор сомонӣ, телефонҳои мобилӣ, нотбукҳо ва ғайра) ҷой дода шудаанд. Инчунин шахсон ва идораҳое, ки бештар аз ҳама китоб харидорӣ мекунанд, ба мукофоти алоҳидаи пулӣ сарфароз хоҳанд шуд.

Фурӯши китобҳо бо лотореяҳои бурднок ҳар рўзи шанбе то 22 июни соли 2019 аз соати 9:00 то 13:00 дар боғи устод Рўдакӣ сурат мегирад. Дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, яъне 22 июн иқдом ҷамъбаст карда шуда, нафарони ғолиб соҳиби бурдҳо ва туҳфаҳо мешаванд.