Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Хитой

Аз 15 то 22 майи соли 2019 дар Ҷумҳурии халқии Хитой Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳо 17 майи соли 2019 дар шаҳри Пекин дар Театри давлатии «Ҳафтуми феврал», ки ба ҳаштгонаи толорҳои таърихии Хитой мансуб аст, сурат мегирад.

20 май барномаи бошукӯҳи консертӣ дар дар шаҳри Сиан дар Кохи консертии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои музофоти Шэнсӣ баргузор мегардад.

Дар доираи Рӯзҳо намоиши асарҳои санъати тасвирӣ ва аксҳо ва маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳайати Рӯзҳоро муовини якуми вазири фарҳанги Тоҷикистон Обидҷон Назариён роҳбарӣ карда, ба ҳайат Ансамбли рақсии «Гулрез», Ансамбли созҳои миллии «Дарё», инчунин ҳунарпешагони номӣ мисли Таҳмина Ниёзова, Шарофат Усмонова, Хуршед Иброҳимов, Ҳақназар Аловатов, Давлат Назриев ва дигарон шомиланд.