Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Марҳабо ба ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии «Дунёи саодат»

 

15 майи соли 2019 соати 17:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев ҷамъбасти Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор мегардад.

Дар барнома 13 ансамбли беҳтарини оилавӣ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар аз рӯи 11 шарти фестивал ҳунарнамоӣ мекунанд.

Хотирнишон менамоем, ки даври аввали фестивал оғози моҳи апрел шуруъ гардида, дар он танҳо ансамблҳои оилавие, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ амал мекунанд, аз тарафи раёсат, шуъба ва бахшҳои фарҳанг ба қайд гирифта шудаанд ваҳайаташон на зиёда аз 20 нафар аст, иштирок карданд.

Барномаи фестивал дастовардҳои ҳунарии ансамблҳои оилавиро инъикос намуда, муҳтавои он тарғибу ташвиқи дўстӣ, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистон мебошад.

Ҳадафи Фестивали ансамблҳои оилавӣ қабл аз ҳама рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоипарастии ҷавонону наврасон мебошад.