Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Роҳандозии барномаҳои мусиқӣ – таълимӣ ва тахассусии гуногуншакл аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон

 

14 майи соли 2019 соати 11.00 дар толори консертии Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи З. Шаҳидӣ нахустин лекторияи мусиқӣ ва консерти академӣ бахшида ба фаъолият ва эҷодиёти композитори маъруфи тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ доир мегардад.

Чорабинӣ дар доираи иқдоми нави Иттифоқи композиторони Тоҷикистон сурат мегирад. Минбаъд аз ҷониби бахши «Мусиқишиносӣ ва танқиди мусиқӣ»-и Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба эҷодиёти арбобони фарҳангу ҳунар баргузории лекторияҳои мусиқӣ ва консертҳои академӣ мунтазам ба таври мувозӣ омода карда мешаванд.

Иттифоқи композиторони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо шабакаҳои телевизионӣ барномаҳои мусиқӣ – таълимӣ ва тахассусии гуногуншаклро ҳамчун қисми мустақили бахши тарғиби санъати касбӣ бо ҷалби мутахассисосони соҳа роҳандозӣ намояд.
Мақсади баргузории чунин чорабиниҳо тавеаи бештари ҳамкориҳо ва дарёфти роҳу усулҳои нави тарғиби санъати касбӣ, инчунин татбиқи имкониятҳои эҷодии наврасону ҷавонон мебошад.