Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Гирду атрофи Коллеҷи фарҳанг гулзор гардид

 

11 майи соли 2019 донишҷуёну омўзгорони Коллеҷи Фарҳанги ҷумҳуриявии баноми П.Буйдоқов бо мақсади саҳм гузоштан дар корҳои ободонию зебогардонӣ ва гулу гулзор гардонидани гирду атрофи муассиса ба ҳашар баромада, зиёда аз чорсад дона гулҳои рангоранги ороишӣ шинониданд ва саҳни биноро тозаю озода намуданд.

Боиси зикр аст, ки дар Коллеҷи фарҳанг ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе гурўҳе аз донишҷӯён ба корҳои ободонию гулзор намудани саҳни ин даргоҳи илму ҳунар ҷалб карда мешавад. Аҳли коллеҷ мақсад доранд, ки таълимгоҳи онҳо ҳамчун як муассисаи соҳаи фарҳанг аз дигар ташкилоту идораҳои ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ бо зебогию сарсабзияш фарқ дошта бошад.

М.Воҳидов