Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Вазири фарҳанг Алиризо Раҳмонқуловро аёдат ва табрик намуд

10 майи соли 2019 Вазири фарҳангиҶумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, сардори раёсати санъати Вазорати фарҳанг Мирзоолим Саидов, директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Лутфулло Давлатзода ба аёдат ва табрикоти Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Раҳмонқулов, ки ба синни мубораки 90 расидааст, рафтанд.

Вазири фарҳанг аз номи ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамоми аҳли фарҳангу ҳунари кишвар Алиризо Раҳмонқуловро бо ҷашни камолоти умр сидқан табрику таҳният гуфта‚ сиҳативу саломатӣ, бахту саодат, хотирҷамъӣ ва муваффақиятҳои навро барояш таманно намуд.

Алиризо Раҳмонқуловро аҳли фарҳанги кишвар ҳамчун роҳбари ташаббускор‚ шахсияти пуркор ва инсони наҷиб мешиносанд ва эҳтиром менамоянд.

Фаъолияти давлативу ҷамъиятии ӯ дар мансабҳои масъулиятнок, аз ҷумла дар вазифаи директори Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев барои рушди минбаъдаи соҳаи фарҳанг заминаҳои устуворро ба вуҷуд оварда буд.

Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ Алиризо Раҳмонқулов дар ҳайати бригадаҳои санъаткорони тоҷик ба хати фронт рафта‚ дар назди аскарони Армияи Сурх баромадҳо карда‚ санъати касбии тоҷикро муаррифӣ намудааст.

Алиризо Раҳмонқулов имрўз ҳам дар сафи пешқадамони соҳа ҷой дошта‚ очерку лавҳаҳои пурмуҳтаворо аз ҳаёт ва фаъолияти ҳунарпешаҳои барҷаста иншо менамояд ва дар мақолаҳои худ масъалаҳои мубрами соҳаро мавриди баррасӣ қарор дода‚ барои муаррифии фарҳанги волои тоҷик заҳмати зиёд ба харҷ медиҳад.

Хидматҳои шоистаи ӯ бо яқ қатор мукофотҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон‚ аз он ҷумла унвони Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст‚ ки боиси ифтихори аҳли фарҳанг аст.