Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазири фарҳанг аз Китобхонаи давлатии патентию техникӣ

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз директории Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон номаи сипос омад.

Дар матни нома гуфта мешавад, ки бо ташаббуси китобхонаи мазкур 2-3 майи соли 2019 бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон VII Конфронси ҷумҳуриявии «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» дар мавзӯи «Масъалаҳои таҷдиди хадамоти библиографӣдар фаъолияти кории китобхонаҳои Тоҷикистон»дар сатҳи баланд ташкил гардид.

«Роҳбарияти Китобхонаи давлатии патентию техникӣ барои ҳамкорӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Шумо, Вазири муҳтарам ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баланд бардоштани мақоми китобу китобдорӣ дар ҷумҳурӣ, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватанпарастию хештаншиносӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор гардидани конфронси зикргардида изҳори сипос менамояд»- оварда шудааст дар матни нома.