Сомонаи пешина | Яш, 20 Октябр 2019 | 09:10
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чорабиниҳо ба ифтихори Рӯзи Шашмақом дар шаҳру ноҳияҳои кишвар

 

10 майи соли 2019 соати 17:30 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷўраев бахшида ба Рўзи «Шашмақом» барномаи консертии ҳунармандони ансамбли «Шашмақом»-и Филармония баргузор мегардад.

Дар барнома, ки таҳти коргардонии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров таҳия шуда, роҳбари бадеӣ Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Хурсандмурод Зарипов мебошад, шашмақомсароёни номӣ ва шогирдони соҳибистеъдод ҳунарнамоӣ мекунанд.

Боиси зикр аст, ки бахшида ба Рӯзи Шашмақом худи ҳамин рӯз дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ва дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор низ чорабиниҳои идона гузаронида мешаванд.

Инчунин 11 май дар Маркази фарҳангии «Кохи маърифат» -и шаҳри Ваҳдат ва Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К.Хуҷандии шаҳри Хуҷанд барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.

12 май дар Филармонияи халқии ба номи Н.Рауфоваи ноҳияи Файзобод, дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рўдакӣ ва дар Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд Рӯзи Шашмақом таҷлил карда мешавад.