Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Номаи сипос ба Вазорати фарҳанг барои намоиши «Баҳори Фаронса»

Ба Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз Арбоби шоистаи илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми иқтисодиёт, профессор Абдушукур Назаров, Биобида Раҳимоваи 86-сола ва 7 нафари дигар номаи сипос омад.

Номаи мазкур бо сабаби дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» иштирок кардани Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара бо намоиши «Баҳори фаронса» навишта шудааст. «Баҳори Фаронса» ба қалами драматург Тоҳири Мамадризо тааллуқ дошта, аз рӯи асари доктори илмҳои таърих, профессор Усмонҷон Ғаффоров “Ахтарони беғуруб” навишта шудааст ва онро конгардон Ш.Ҷўраев таҳия кардааст.

Дар матни нома аз ҷумла омадааст: «Қаҳрамони марказии намоишнома бародари равоншоди ман Қодир Раҳимов ҳастанд, ки дар солҳои мудҳиши ҷанг дар муқовимати Фаронса (солҳои 1941- 1945) қаҳрамониҳо кардаанд. Коргардон бо як маҳорати хосса хати сюжети асарро ба саҳна гузошта, ҳунармандон онро дар сатҳи олӣ иҷро намуданд.

Барои тамошои ин намоишнома мо - бародару фарзандонҳо, хешовандон ва дӯстони қаҳрамон Қодир Раҳимов аз шаҳри Хуҷанд ба Душанбе ба театри овозадори ба номи А.Лоҳутӣ омадем.

Вақти тамошои саҳна аз чашмони аксари бинандагон ашк рехт. Ба мо хусусан иҷрои нақши ҷавонии бародари бузурги ман Қодир Раҳимов аз ҷониби санъаткори ҷавон Қобилҷон Давлатов, нақши командир-Лусейн Рогос аз тарафи санъаткори ҷавон Эмомалии Шариф ва нақши ҷавонии Элеанора (Элеана) Манурии аз тарафи санъаткори ҷавон Мавҷуда Палангова иҷрогардида хеле писанд омад.

Мо – аҳли пайвандони Қаҳрамони “Муқовимати Фаронса” Қодир Раҳимов ба Шумо, Вазири муҳтарам, коргардону ба саҳнагузорандагон, ҳунармандону хунёгарон ва умуман ба ҷомеаи меҳнатии аҳлу тифоқи Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара миннатдории самимӣ изҳор мекунем, зеро қаҳрамониҳои бародари ман Қодир Раҳимовро дубора зинда ва пешкаши имрӯзиён намудед».

Боиси зикр аст, ки намоиши «Баҳори Фаронса» дар Фестивал – озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ «Парасту – 2019» дар номинатсияи «Беҳтарин асари драматургӣ» сазовори дипломи фестивал гардида буд.