Сомонаи пешина | Дш, 26 Август 2019 | 11:08
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Дар Душанбе Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид

 

9 майи соли 2019 бахшида ба Рӯзи Ғалаба ва истиқболи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар Кохи «Шараф»-и қисми ҳарбии 0123 Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фестивали сурудҳои ватандӯстона доир гардид.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, фестивали мазкур бо  ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Клуби марказонидашудаи Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе доир карда шуд.

Дар оғози фестивал сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода иштирокчиёнро аз номи роҳбарият Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе шодбош гуфта, ба онҳо дар партави сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барору муваффақият таманно намуд.

Ҳамчунин сарояндагони ансамблҳои мақомоти ҳарбӣ ва наврасону ҷавонони соҳибистеъдод  доир ба меҳри Ватан, хизмати содиқонаву софдилона ба халқу миллат, Истиқлолияту ваҳдат ва ҷавонӣ сурудҳо сароиданд.

Бояд гуфт, ки дар Фестивали сурудҳои ватандӯстона дар қатори сарбозону афсарон наврасону ҷавонони синни даъватӣ иштирок намуда, бо фаъолияти  кунунии хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ва вазъи будубоши сарбозон аз наздик шинос шуданд.

Дар фарҷом ба сарояндагони беҳтарин сурудҳои ватандӯстона сипоснома ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд.

 

АМИТ «Ховар»