Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Чорабинии идона ва қадрдонии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ

8 майи соли 2019 дар Коллеҷи фаҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов ба ифтихори Рӯзи Ғалаба чорабинии бошукуҳ доир гардид.
Дар оғоз директори муассисаи таълимӣ Идрис Оқилов ҳамагонро табрик намуда, аз корнамоиҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун оини ҷавонмардӣ, ватандӯстӣ ва намунаи ибрат барои наслҳои ҷавон ёдовар гардид.

Барномаи театрикунонидашудаи хотирмон, ки аз тарафи омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони литсеи назди Коллеҷи фарҳанг омода шуда буд, аз ҷониби тамошобинон хеле хуш истиқбол гардид.

Инчунин ҳамон рӯз ба хотири қадрдонии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватани роҳбарияти Коллеҷи фаҳанги ҷумҳуриявии ба номи П.Бӯйдоқов бо ҳамроҳии чанде аз омӯзгорон ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Михаил Яковлевич Дубавой рафта, ӯро бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд.

Аз ин иқдоми кормандони соҳаи фарҳанг иштирокчии ҷанг ва фарзандону пайвандонаш миннатдорӣбаён карданд.

9-уми майи соли 2019 аз Ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ бар зидди Германияи фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, 74 – сол сипарӣ мегардад. Ба муносибати ин Иди Зафар дар Тоҷикистони азиз чорабиниҳои зиёде доир мегарданд.

Боиси ифтихор аст, ки падару бобоёни мо дар қатори дигар халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди душманон мардонавор ҷанг намуда, дар таъмини Ғалаба саҳми бузурги худро гузоштаанд. Ҷоннисорию қаҳрамониҳои онҳо барои насли имрӯза намунаи ибрат буда, эҳсоси ватандӯстии ҷавонони имрӯза маҳз аз корнамоиҳои гузаштагонамон дар ҷангҳои хонумонсӯз сарчашма мегирад.