Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъа.

 

Дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Дар ноҳияи Роштқалъа ҳайати ҳакамон дар ҷамъбасти озмун аз рўи номинатсияҳои баргузоргардида 3 нафарро дар бахши шоирӣ, 1 нафар - оҳанги умумӣ, 3 нафар - сарояндагӣ, 1 нафар - навозиши анъанавӣ, 3 нафарро дар бахши ровигӣ барои иштирок дар озмуни вилоятӣ интихоб намуданд.

Даври аввали озмун дар шаҳри Хоруғ нишон дод, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар якҷоягӣ бо бахши фарҳанги шаҳр ба баргузор намудани озмун омодагии ҷиддӣ дидаанд. Дар озмун зиёда аз 40 нафар ҳунармандон ва ҳаваскорон иштирок карданд.

Барои иштирок дар озмуни вилоятӣ аз тарафи ҳакамон 6 нафар шоирон, 1 нафар ровиён, 6 нафар сарояндагони суруди анъанавӣ, 3 нафар сарояндаи суруди эстрадӣ, 3 нафар дар бахши навозиши яккаи анъанавӣ ва як оҳанг дар бахши навозиши анъанавии умумӣ интихоб гардиданд.