Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Шоми эҷодӣ дар ноҳияи Шуғнон

Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шуғнон шоми эҷодии ҳунарманд, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилбек Қувватбеков баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси вилоят Назира Амирбекзода суханронӣ намуда, оид ба фаъолияти эҷодии Комилбек Қувватбеков ҳарф зад.

Сипас барномаи фарҳангии ҷолибе манзури меҳмонони чорабинӣ гардид, ки дар он Комилбек Қувватбеков сурудҳои хешро, ки дар солҳои гуногун эҷод гардиданд, ба тамошобинон пешкаш намуд. Инчунин гурўҳи рақсии қасри фарҳанг рақсҳои таҳиянамудаи Комилбек Қувватбековро ба тамошо гузоштанд.

Чорабинӣ хеле хотирмон гузашт ва барномаи консертии ҳунармандони бахши фарҳанги ноҳия хотири меҳмононро шод гардониданд.