Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Силсилаконсерти «Шоми мақомхонӣ» дар Консерватория

 

6 майи соли 2019 дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов силсилаконсерти «Шоми мақомхонӣ» бо барномаи Мақоми Дугоҳ ифтитоҳ ёфт.

Силсилаконсерт ба ифтихори Рӯзи Шашмақом, ки ҳамасола 12 май таҷлил мегардад, ташкил гардида, дар он шогирдони Консерватория бо роҳбарии устодони худ ҳунарнамоӣ мекунанд. 

Қисми дуюми барномаи консертӣ 7 май пешниҳоди мусиқии классикии тоҷик мегардад. 

Боиси зикр аст, ки баргузории силсилаконсертҳои шашмақом дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов аз соли 2016 инҷониб ба ҳукми анъана даромада, муҳассилини муассиса силсилаконсертҳоро дар мақоми Бузург (соли 2016), мақоми Наво (соли 2017) ва мақоми Сегоҳ (соли 2018) ташкил намуданд. Инак соли 2019 дар барномаҳои консертӣ мақоми Дугоҳ иҷро карда мешавад. Ба таври силсилаконсерт иҷро кардани Шашмақом суннати асили ин шоҳкории мусиқӣ ҳисобида мешавад. 

7 ноябри соли 2003 бахши фарҳангии Созмони Миллали Муттаҳид - ЮНЕСКО Шашмақомро шоҳкории бузурги мусиқии ҷаҳонӣ ва ёдгории маънавии инсоният эълон намудааст.