Сомонаи пешина | Чш, 26 Июн 2019 | 03:06
ТОҶ :: РУС :: ENG

«Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат аст»

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ҳамчун мероси гаронбаҳои миллию умумибашарӣ- вазифаи инсонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мост. Биёед ин ганҷи пурқиматро чун гавҳараки чашм ҳифзу эҳё намоем, ба наслҳои оянда мерос гузошта, дар барқароркунии онҳо саҳми босазо гузорем.

Муаррифии китоби «Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон» дар Китобхонаи бачагона

 

4 майи соли 2019 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар муаррифии китоби Гулсифат Шаҳидӣ бо номи «Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон» баргузор гардид.

Дар чорабинӣ хонандагони хурдсол аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ва кӯдакистонҳо, адибон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд. 

Кӯдакони фаъол бо навбат ба саҳна баромада, аз китоб афсона хонданд ва соҳиби тӯҳфа-китобчаи нав ва асбобҳои хониш гаштанд. 

Гулсифат Шаҳидӣ, ки нависандаи тоҷики муқими Россия аст, иброз дошт, ки мехоҳад, то хонандагони ӯ бештар тоҷикзабонон бошанд.

Соли 2017 маҷмӯаи «Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон»дар Лондон дар номинатсияи «Муаллифи сол» ғолиб гардида буд. Муаллиф то имрӯз зиёда аз 10 китоб дар жанрҳои гуногун навишта, 16 китоб бо забонҳои русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ ба табъ расонидааст.
Китобчаи «Афсонаҳои Гулсифат бибиҷон» низ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор ёфтааст.